Ҳудуди ниме аз фавтидагони корона дар Тоҷикистон бадахшонӣ ҳастанд
(last modified Wed, 10 Jun 2020 04:15:04 GMT )
Июн 10, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди ниме аз фавтидагони корона дар Тоҷикистон бадахшонӣ ҳастанд

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ки 22 нафар аз 48 мавриди фавтиҳои вируси корона дар Тоҷикистон сокинони ин вилоят ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, ин матлабро Ёдгор Файзов- раиси вилояти Бадахшон дар нишасти Ситоди муқобила ба вируси корона дар шаҳри Хоруғ эълом кардааст.

Вай гуфтааст, ки аз теъдоди 22 фавтӣ бар асари вируси корона дар вилояти Бадахшон 14 нафар дар бемористони шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа ва ҳашт нафари дигар дар марокизи дармонии навоҳии ин вилоят ҷони худро аз даст додаанд.

Аз маҷмӯи якҳазору 506 мавриди мубтало ба бемории вируси корона дар вилояти Бадахшон, якҳазору 132 нафар ё 75 дарсад беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки гурӯҳи 16 нафарӣ аз пизишкони лаҳистонӣ, ки барои табодули таҷриба бо ҳамтоёни тоҷики хеш дар заминаи дармони афроди гирифтори вируси корона дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, барои баррасии вазъият ба вилояти Бадахшон рафтаанд.