Бозгушоии дубораи масҷидҳои Тоҷикистон ба наздикӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54375-Бозгушоии_дубораи_масҷидҳои_Тоҷикистон_ба_наздикӣ
Шурои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистон аз баррасии мавзӯи бозгушоии дубораи масҷидҳои ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2020 05:03 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии дубораи масҷидҳои Тоҷикистон ба наздикӣ

Шурои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистон аз баррасии мавзӯи бозгушоии дубораи масҷидҳои ин кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, дар баёнияи ин шуро таъкид шудааст, ки албатта дар наздиктарин нишасти ин шуро бар асоси тавсияҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин маврид тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Барпоии намозҳои ҷамоат дар масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи панҷуми марти имсол ба дархости Вазорати тандурустии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона мамнуъ шуд, аммо рӯзи 20 март  дарҳои масоҷиди Тоҷикистон барои хондани намозҳои ҷамоат дубора боз шуд.

Бо ин ҳол дар паи густариши вируси корона дар Тоҷикистон тамомии масҷидҳои ин кишвар аз рӯзи 18 апрели имсол дубора баста шуд ва дар моҳи мубораки Рамазон низ ин марокизи ибодӣ фаолият накарданд.

Мақомоти Шурои уламои исломии Маркази исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар паи беҳбуди нисбии вазъият ва коҳиши гирифтории ашхос ба бемории вируси корона ба наздикӣ масҷидҳои ин кишвар барои хондани намозҳои ҷамоат ва ҷумъа бозгушоӣ хоҳад шуд.