Июн 11, 2020 09:38 Asia/Dushanbe
  • Содироти 40 тон тарбуз аз Тоҷикистон ба Русия

40 тон тарбузи бардоштшуда аз мазореи Тоҷикистон ба шаҳри Иркутски Русия содир шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин мизон тарбуз аз мазореи устони Хатлон бардошт шудааст. Наҷиб Ҳамроев, муовини мудири ширкати саҳҳомии кишоварзии “Аввалин” гуфт, қарор аст илова бар Русия, тарбузҳои бардоштшуда ба кишварҳои ҳавзаи дарёи Балтика ҳам содир шавад.

Ӯ афзуд, ҳамаи мароҳили парвариши тарбуз аз кошт то бардошт ва омодасозӣ барои содирот мутобиқи шеваву стандартҳои аврупоӣ аст.

Муовини мудири ширкати саҳҳомии кишоварзии “Аввалин” гуфт, имсол бо ҳамкории кишоварзони манотиқи Вахш, Ҷалолиддини Балхи, Қубодиён ва Ҷайҳуни минтақаи Хатлон дар майдони 15 гектар тарбуз кошта шуд.

Вай гуфт, ин маҳсулоти бокифият муштарии зиёде дар бозорҳои аврупоӣ ва Русия дорад.