Июн 15, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Содироти шафтолу аз Тоҷикистон ба Русия

Се ҳазор тонна шафтолу аз боғҳои Тоҷикистон ба Русия содир шуд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Вазорати зироати Тоҷикистон ин мизон шафтолуро 160 комюн аз минтақаи Суғд ба манотиқи мухталифи Русия ҳамл карданд.

Ҳамчунин бар асоси омори Вазорати зироати Тоҷикистон 2687 тонна зардолу ва 33 тонна анвои тут, гелос ва олу аз ноҳияи Ашт ҳам ба манотиқи мухталифи Русия содир шуд. Илова бар содирот, рӯзона ҳудуди 20 тонна меваи бартоштшуда аз боғот ва мазореи ноҳияи Ашт низ ба қиммати як сомонию 5 дирам то ду сомонӣ дар бозорҳои Тоҷикистон фурухта мешавад.