Июн 15, 2020 20:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти барномаи тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Барномаи тавсиаи Созмони Миллали Муттаҳид аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар тақвияти бистари ҳамоҳангии иттилоот барои посух ба саволоти мардум дар бораи бемории корона ҳимоят мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Экай Пресс, ҳимоят мақомоти Тоҷикистон аз таҷҳизи маркази ҳамоҳангии иттилооти Вазорати тандурустӣ бо ҳимояти СММ дар ҳоли иҷро аст.

Ин иқдом бо ҳадафи тасҳили табодули иттилоот байни манотиқ ва пойтахт ва осон шудани табодули иттилоот ва таҷрибот байни мутахассисони тоҷик ва соири кишварҳо иҷро мешавад.

Идороти тобеи маркази иттилорасонии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар манотиқи Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ду идора дар Душанбе мустақар аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз таҷҳизоти ҷадид барои ҷаласоти мушовира байни мутахассисони бартари пизишкии кишвар ва кормандони муроқибатҳои беҳдоштӣ дар манотиқи мухталиф истифода мекунад. 

Барномаи тавсиаи СММ барои таҷҳизи маркази иттилорасонии Вазорати тандурустии Тоҷикистон 146 дастгоҳи роёна, роёнаи қобили ҳамл,телевизорҳои ҳушманд, системаи конфренсияи диҷитал, микрафонҳои бесим, дурбинҳо ва итсоли интернетӣ ба арзиши 75000 доллар ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дод.