Вуқуи зилзила дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 Jun 2020 08:23:47 GMT )
Июн 16, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи зилзила дар Тоҷикистон

Заминларзае ба бузургии 5,8 рихтер Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Маркази миллии зилзиланигории Тоҷикистон, заминларзае ба бузургии 5,8 рихтер субҳи имрӯз 6 июн ин кишварро ларзонд.

Ин заминларза аз сӯи зилзилашиносон дар фосилаи 327 километрии шарқи Душанбе сабт шудааст. Ин хабаргузорӣ замони вуқуи заминларзаро соати яку 30 дақиқаи бомдод ба вақти маҳаллӣ эълом кард ва навишт, ки конуни он ҳам дар умқи 100 километрӣ будааст.

Маркази ларзанигории Амрико низ соате баъд қудрати ин заминларзаро 5,7 рихтер ва маҳалли вуқуи онро низ минтақаи Хоруғ эълом кард.

Дар зимн бо вуҷуди ин ки ҳамаи расонаҳои русизабон минтақаи қудрати ин заминларзаро 5,9 рихтер эълом карданд, бисёре аз расонаҳои минтақаӣ аз ҷумла рӯзномаи "Афғон Таймз"-и Афғонистон ва хабаргузориҳои "ANI" ва "PTI"-и Ҳинд низ имрӯз дар гузорише аз Душанбе ба нақл аз ҳамин Маркази миллии ларзанигорӣ қудрати заминларзаро 6,8 эълом карда буданд.

То кунун гузорише аз хисоратҳо ва талафоти эҳтимолӣ эълом нашудааст.