Июн 18, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 21 миллион долларии Русия барои тақвияти зерсохтҳои мактабҳои Тоҷикистон

Русия барои хариди маҳсулоти ғизоӣ ва тақвияти тарҳи тағзияи ройгони донишомӯзони мактабҳои Тоҷикистон 21 миллион доллар ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Русия 11 . 2 миллион доллар ба барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милаллӣ Муттаҳид барои тавсиъаи системаи тағзияи пойдори мактабҳо дар Тоҷикистон ихтисос медиҳад. Дар марҳалаи севвуми иҷроии ин тарҳи муштараки Русия  ва барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милаллӣ Муттаҳид аз имсол то соли 2023 , ошпазхонаҳои мактабҳои шабонарӯзӣ таҷҳиз ва аз афроди мутахасис барои пухти ғазо истифода мешавад, ҳамчунин пуйишҳои омӯзишӣ ва иттилоотӣ низ барои тарвиҷи тағзияи солим дар кишвар роҳандозӣ хоҳад шуд . Илова бар ин , Русия барои хариди навишафзори русии донишомӯзони тоҷик барои соли таҳсилии 2020 - 2021 ҳудуди 10 миллион доллари дигар ба ин кишвар кумак кард. Тарҳи тавсиъаи системаи тавсиъаи тағзияи пойдори мактабҳои Тоҷикистон аз суи барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милалл ва бо ҳимояти молии Русия дар соли 2013 милодӣ роҳандозӣ ва будҷаи он то имрӯз ҳудуди 80 миллион доллар эълон шудааст. Ин иқдом бузургтарин тарҳи барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милалл дар Тоҷикистон ва нишонгари таъаҳуди ҷидии Масуав барои беҳбуди зиндагии мардум ва тақвияти зарфияти миллӣ дар ин замина аст.

Барномаи ҳимояти Русия дар ин бо иҷроии тарҳҳои мазкури маҳдуд намешавад балки дар солҳои 2005 то 2012 низ Русия аз тариқи барномаи ҷаҳонии Ғизои Созмони Милалл 36 .5 миллион доллар барои хариди маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон ихтисос дод.