Июн 18, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Содироти нахустин маҳмулаи мошинолоти кишоварзии сохти Афғонистон ба Тоҷикистон

Нахустин маҳмулаи мошинолоти кишоварзии сохта шуда дар вилояти Нангарҳор ба Тоҷикистон содир шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Шокируллоҳ Софӣ , масули матбуоти утоқи тиҷорати вилояти Нангарҳор гуфт ; нахустин маҳмулаи мошинолоти кишоварзии сохташуда дар вилояти Нангарҳор ,ки шомили ҳашт поя мошинҳои гандумпокни ( трешер ) аст ба Тоҷикистон содир шуд.

Ӯ афзуд ; ин мошин олоти кишоварзӣ дар корхонаи зуби оҳани Ҷовидафғон сохта шуд.

Вай гуфт ; ҳар кадом аз таҷҳизоти киҳоварзӣ яку ним тон вазн дорад.

Ба гуфтаи Шокируллоҳ Софӣ дар натиҷаи афзоиши тавлидоти мошин олоти кишоварзии корхонаи зуби оҳани Ҷовидафғон акнун ниёзмандиҳои дохили кишвар рафъ шудааст ва маҳсулоти он ба хориҷ содир мешавад.