Июн 19, 2020 20:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия бо парвози ширкатҳои тоҷикӣ

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз оғози интиқоли атбои ин кишвар аз Русия бо парвозҳои ду ширкати “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз рӯзи 25 июн хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои ду ширкати “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз рӯзи 25 июн раванди интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Новосибирск ва Екатеринбург банд мондаанд, оғоз мекунанд.

Интиқоли ин афрод дар чанд марҳала анҷом мешавад ва авлавият бо занону кӯдакон, куҳансолон, донишҷӯён ва беморон хоҳад буд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои ин кишвар дар шаҳрҳои мухталифи Русия муваззаф шудаанд, ки феҳристи атбоъ дар авлавияти интиқол ба кишварашонро таҳия ва таърихи парвозро ба онон эълом намоянд.

Ба далели густариши вируси корона дар Русия ва таътилии марокизи саноатӣ ва тиҷории ин кишвар садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон бекор шуда ва хостори бозгашт ба кишвари худ мебошанд.