Коҳиши маҳдудиятҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ дар Тоҷикистон
Июн 20, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҳамлу нақли байналмилалиро коҳиш дод.
Ба нақл аз Спутник, ронандагони хориҷӣ муҷоз ба вуруд ба хоки Тоҷикистон шуданд.
Бар асоси қавонини ҷадид, ронандагон 5 рӯз фурсат доранд, то маҳмулаи худро дар Тоҷикистон тахлия ва ё аз хоки Тоҷиикстон убур кунанд.
Бар асоси мусаввабаи ситоди муқобила бо коронавируси Тоҷикистон, ба ронандагоне муҷаввизи вуруд ба Тоҷикистон дода мешавад, ки ҷавоби озмоиши коронавируси онҳо манфӣ бошад.
Тибқи ин ислоҳот, ронандагони ҳомили кӯмакҳои башардӯстона, аз пардохти аворизи поёна муоф ҳастанд.