Июн 23, 2020 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли бастаи таҷҳизоти пизишкӣ аз Чин ба Тоҷикистон

Бастаи таҷҳизоти пизишкии ирсолӣ аз Чин ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ва ба нақл аз иттилоияи Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, арзиши ин баста 4 миллион сомонӣ баровард шудааст.

Ин таҷҳизот ва васоили пизишкӣ ва беҳдоштӣ дар марокизи дармонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мустақар дар пойтахт нигоҳдорӣ ва дар сурати ниёз ба марокизи дармонӣ ирсол мешавад. То кунун Чин 3 бастаи таҷҳизоти пизишкӣ ба Тоҷикистон ирсол кардааст.