Июн 23, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • 421 миллион  доллар арзиши табодули тиҷорӣ байни Русия ва Тоҷикистон

Дар панҷ моҳи аввали имсол арзиши табодулоти тиҷорӣ байни Русия ва Тоҷикистон ба ҳудуди 421 миллион доллар расид.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард: Русия шарики тиҷории аслии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали соли 2020 будааст.

Бар асоси иттилооти ин вазоратхона 32 дарсад аз кулли содироти Русия ба Тоҷикистон будааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард:  Дар ҳамин муддат Тоҷикистон, 25 дарсад аз коло ва таҷҳизоти худро аз Қазоқистон ва 14 дарсадро аз Чин ворид кардааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи содироти Тоҷикистон ҳам гуфт: Алюминий, нахи пахта, филизҳои гаронбаҳо ва меваҳои хушк аз ҷумла коло ва таҷҳизоти содиротии Тоҷикистон ба кишварҳои Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст.