Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54775-Сафари_раиси_ҷумҳури_Тоҷикистон_ба_Русия
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Русия

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар маросими режаи низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди пирӯзӣ  дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба Маскав сафар кард.

Дар ин сафар Шералӣ Мирзо- вазири дифои Тоҷикистон ва Аъзамшоҳ Шарифӣ- дастёри раиси ҷумҳур дар умури сиёсати хориҷӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Маросими режаи низомӣ 24 июн дар Майдони сурхи Маскав баргузор мешавад. Илова бар раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раисони ҷумҳури Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Беларус, Словакия, Абхазия, Сирбистон ва Хорватия низ дар ин маросим ҳузур доранд.  

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва нахуствазири Арманистон сафари худ ба Маскавро ба далели шуйюи корона дар кишварашон бекор карданд.

Раиси ҷумҳури Туркманистон низ ба Маскав нахоҳад рафт ва ба ҷои он вазири дифои ин кишвар дар маросим ширкат хоҳад кард.

Ҳудуди 15 ҳазор неруи низомӣ дар маросими режа ширкат хоҳанд кард.