Эъломи теъдоди бекорон дар Тоҷикистон
Июн 24, 2020 15:36 Asia/Dushanbe
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди бекорони ин кишварро 51 ҳазору 700 нафар эълом кард.
Ба гузориши “Авесто”, Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ин теъдод як дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли қабл аст.
Бар асоси омор ҳудуди 49 дарсади бекорон зан ҳастанд.
Бар асоси иттилооти Вазорати кори Тоҷикистон ибтидои моҳи майи имсол 73 ҳазор нафар аз ҷӯяндагони кор дар ожонсҳои кор ва шуӯли аҳолии Тоҷикистон сабти ном карданд, ки ҳудуди 6 дарсад камтар аз муддати мушобеҳ дар соли 2019 аст.
Бар асоси омори манобеи мухталиф, теъдоди коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд кор мекунанд, як миллион нафар аст.