Июн 24, 2020 20:50 Asia/Dushanbe
  • Бозии дӯстонаи тимҳои футболи Тоҷикистон ва Узбакистон

Тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Узбакистон дар Тошканд ба масофи якдигар мераванд.

Ба гузориши вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ин мусобиқа 4 сентябр дар варзишгоҳи миллии Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Пеш аз ин қарор буд 31 март дар Тошканд ин бозӣ баргузор шавад, аммо ба далели густариши корона мусобиқа лағв шуд.

Тимҳои миллии футболи Узбакистон ва Тоҷикистон ҳашт бор бо якдигар дидор карданд, ки ду тим дар 3 мусобиқа ба тасовӣ расиданд, дар чаҳор дидор Узбакистон пирӯзи майдон буд ва як дидор ҳам бо пирӯзии Тоҷикистон ба поён расид.

Охирин бозии тимҳои миллии футболи ду кишвар 15 ноябри 2011 дар варзишгоҳи миллии Тошканд буд.