Июн 26, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 5 милиондолларии Швейтсария барои навсозии новгони ҳамлунақли умумии шаҳри Хуҷанд

Швейтсария барои навсозии новгони ҳамлунақли умумии шаҳри Хуҷанд 5 миллион доллар ихтисос дод.

Вазорат молияи Тоҷикистон гуфт, ин маблағ барои хариди 50 автобус харҷ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон, барои иҷрои мароҳили имконсанҷии тарҳ ҳам 840 ҳазор доллар ихтисос дода мешавад.

Ҳамчунин бозсозии поркингҳои автобус, насби таҷҳизот ва сомонаи пардохти кироя аз дигар иқдомоте аст, ки қарор аст дар қолаби ин тарҳ иҷро шавад.

Муддати иҷрои тарҳи мазкур поёни соли 2022 аст.