Июн 26, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми малахҳо ба заминҳои кишоварзии минтақаи Хатлон

Дастаҳои малах ба мазореи минтақаи Хатлон ҳуҷум оварданд.

Ба гузориши “Спутник”, ин малахҳо аз Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба ин минтақа ҳуҷум оварданд.

Ҳуҷуми малахҳо ба мазореи боғот ва токистонҳои минтақаи Вахш бештарин осебро ворид кард.

Кишоварзони маҳаллӣ дар талош ҳастанд то бо ин офат муқобила кунанд, аммо дастаҳои малахҳо бисёр зиёд аст ва то кунун онҳо натавонистаанд малазҳоро аз байн бибранд.

Пеш аз ин, Вазорати зироати Тоҷикистон гузориш дода буд, ки ҳуҷуми малах сабаб шуда то масоҳати зиёде аз мазореи пахта нобуд шавад.