Июн 27, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Дархости ширкати сохтмонии русӣ барои истихдоми 100 коргари тоҷик

Як ширкати сохтмонӣ дар атрофи шаҳри Маскав барои ба кор гирифтани 100 коргари муҳоҷири тоҷик эъломи омодагӣ кард.

Ба нақл аз сомонаи дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар русия, Дмитрий Фомин, мудири ин ширкат гуфт: Хостори ҷазби 100 коргари муҳоҷири тоҷик аст.

Ӯ гуфт: Ба ин афрод ҳар моҳ 100 000 рубл ҳуқуқ пардохт ва хобгоҳ ва ғизои онҳоро низ таъмин мекунад.

Ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадов, мудири дафтари намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, дар шароити  густариши коронавирус ва таътилии марказҳои тавлидӣ ва тиҷории ин кишвар, ки мӯҷиби бекор шудани садҳо ҳазор табааи Тоҷикистон шудааст, бакоргирии 100 коргари муҳоҷири тоҷик дар ширкати сохтмонии русӣ хабари хушҳолкунандае аст.