Қарор гирифтани Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои сабз аз сӯи Вазорати беҳдошти Тунис
Июн 27, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
Тунис Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "сабз" қарор дод.
Тунис Тоҷикистонро дар раддаи кишварҳои бо таҳдиди андак аз бемории коронавирус (дастаи "сабз") қарор дод ва маҳдудиятҳои вуруди атбои хориҷӣ барои гардишгарони Тоҷикистон коҳиш дод.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Тунис, кишварҳои Олмон, Чин, Австралия, Италия, Ҷопон, Эстония, Хорватия, Австрия, Швейтсария ва Ветнам дар гурӯҳи кишварҳои сабз қарор гирифтанд.
Вазорати беҳдошти Тунис кишварҳои Фаронса, Албания, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Канада, Испания, Гурҷистон, Қазоқистон, Латвия, Литва, Узбакистон, Лаҳистон, Португалия ва Сербияро дар гурӯҳи "норинҷӣ" қарор дод.