Воридоти 228 ҳазор тонна фаровардаҳои нафтӣ аз оғози имсол ба Тоҷикистон
Июн 27, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон дар 5 моҳи имсол ҳудуди 228, 000 тонна фаровардаҳои нафтӣ ворид кард.
Ба нақл аз Аки Пресс, тавлиди фаровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 3 дарсад афзоиш доштааст.
Ин кишвар 9600 тонна равған тавлид карда ва ҳудуди 228 800 тонна фаровардаҳои нафтӣ ба арзиши 121 миллион доллар ворид кардааст.
Тоҷикистон фаровардаҳои нафтиро аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мекунад.