Ошнобозӣ, далели варшикастагии чандин бонк ва муассисаи молӣ дар Тоҷикистон
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон далели варшикастагии чандин бонк ва муассисаи молии ин кишварро фасоди молӣ ва ошнобозӣ унвон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳангоми ироаи тарҳи қонуни мамнуияти фаолияти хешовандони кормандон ва мудирон дар бонкҳои давлатии Тоҷикистон дар Маҷлиси олии ин кишвар гуфт: Яке аз далелҳои варшикаст шудани чаҳор бонк ва беш аз 20 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар ин ҷумҳурӣ фаолияти хешовандон ва аъзои хонаводаи мудирон ва кормандони ин ниҳодҳои молӣ будааст.
Вай бекор кардани иҷозатномаи ду бонки “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” ва варшикаст шудани ду бонки “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва беш аз 20 муассисаи молӣ ва эътиборӣ дар чаҳор соли ахирро ба ихтисоси қарзҳои калон ба аъзои хонавода ва хешовандони мудирон ва кормандони ин ниҳодҳои моли дахлдор донист ва гуфт афроде қарз дарёфт карданд, ки аз тавони бозпардохти ин маблағҳо бархурдор набуданд.
Раиси Бонки Миллӣ гуфтааст, ки бар асоси моддаи нав дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ доранд, инчунин, дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ дошта, кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда шудааст.