Эъломи нархи чипта барои коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 29 Jun 2020 08:30:19 GMT )
Июн 29, 2020 13:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи нархи чипта барои коргарони муҳоҷир аз Русия ба Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Маскав нархи чиптаи ҳавопайморо дар ду парвози нахуст барои бозгашти коргарони муҳоҷири бекоршуда ва аъзои хонаводаҳои онон ба Душанбе, эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, Имомиддин Сатторӣ гуфтааст, ки таи рӯзҳои ахир бо ду парвоз аз шаҳрҳои Маскав ва Қазони Русия теъдоде коргарони муҳоҷир ва аъзои хонаводаҳои онон ба Душанбе интиқол дода шуданд, ки нархи чипта барои ҳар мусофир 23 то 24 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 400 доллар) буд.

Вай таъкид кардааст, ки ин нарх дар муқоиса бо солҳои пеш ва даврони қабл аз густариши вируси корона гаронтар аст зеро ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд барои ҷуброни хасорати қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ва пардохти маоши коркунони хеш нархи чипта дар масири Маскав ба Душанберо боло баранд.

Бар асоси барномаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон то рӯзи 14 июли соли равон ду ширкати Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр бо ҳашт парвози  фавқулода садҳо коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои ононро ба кишварашон бармегардонанд.