Арзёбии муттахассисони Полша аз вазъияти беҳдошт ва дармони Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54964-Арзёбии_муттахассисони_Полша_аз_вазъияти_беҳдошт_ва_дармони_Тоҷикистон
Муттахассисони Полша арзёбии сафари худ ба Тоҷикистон ва боздид аз теъдоди марокизи дармонии ин кишварро эълон карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 29, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии муттахассисони Полша аз вазъияти беҳдошт ва дармони Тоҷикистон

Муттахассисони Полша арзёбии сафари худ ба Тоҷикистон ва боздид аз теъдоди марокизи дармонии ин кишварро эълон карданд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз сервиси матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, муттахассисони лаҳистонӣ аз теъдоди муассисоти пизишкӣ дар шаҳрҳо ва манотиқи ин кишвар боздид карданд ва бо фаъолиятҳои онҳо ошно шуданд.

Онҳо ҳамчунин давраҳои омӯзишӣ барои кодри дармонии Тоҷикистон дар бораи бемории корона баргузор карданд.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Зулфия Абдулсамадзода низ ба коршиносони Полша барои кӯшишҳояшон сипосгузорӣ кард.