Кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои бозсозии нерӯгоҳи Норак
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54965-Кӯмаки_молии_Бонки_ҷаҳонӣ_ба_Тоҷикистон_барои_бозсозии_нерӯгоҳи_Норак
Бонки ҷаҳонӣ 50 миллион доллар барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 29, 2020 15:31 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки молии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои бозсозии нерӯгоҳи Норак

Бонки ҷаҳонӣ 50 миллион доллар барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Ҷон Питер  Ултрас, Раиси Намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  гуфт: Ин сармоягузорӣ дар шароити шуюъи корона боиси эҷоди шуғлу даромад ҷадид барои шаҳрвандон  Тоҷикистон мешавад . Ӯ афзуд : бозсозии  турбинҳо ва генераторҳои нерӯгоҳ  боиси афзоиши тавлиди барқ дар кишвар хоҳад шуд .

Раиси Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт: "Дар марҳилаи дуввум кӯмаки молиявӣ барои барқарор кардани шаш агрегати боқимонда дар кӯпруки Роҳи Норак ва бунёди нерӯгоҳи барқӣ ба нақша гирифта шудааст."

Ҷон Питер Ултрас илова кард, ки ҳазинаи марҳилаи дуввум 192 миллион доллар хоҳад дошт.