Вуқуи зилзила дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 30 Jun 2020 06:37:29 GMT )
Июн 30, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Вуқуи зилзила дар Тоҷикистон

Заминларзае шимоли шарқии Тоҷикистонро ларзонд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз маркази ларзанигории Евра-Мидитарона, бузургии ин заминларза 4.4 рихтер гузориш шудааст.

Бар асоси додаҳо, ларзаҳо аз соати 21 ва 3 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар 172 километрии Душанбе оғоз шуд. Заминларза дар умқи панҷ километрӣ рух дод ва ба сурати заиф дар минтақаи Хоруғ низ эҳсос шуд.

Гузорише аз талафот ва вайронӣ дар наздикии маркази зилзила мунташир нашудааст.