Июн 30, 2020 12:31 Asia/Dushanbe
  • Пардохти кумакпулӣ ба шаҳрвандони афғонистонии донишҷӯ дар Тоҷикистон

Мақомоти Афғонистон ба ҳар кадом аз шаҳрвандони кишварашон, ки дар Тоҷикистон донишҷӯ ҳастанд 300 доллар кумакпулӣ пардохт кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон эълом кард: Ҳудуди 400 донишҷӯи афғон дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Муҷибулло Маликзода- ройзани фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки соли таҳсилӣ дар Тоҷикистон ба далели ҳамагир шудани корона ба поён расид ва марзҳо баста шуд, донишҷӯён ва хатмкунандагони афғонистонӣ натавонистанд ба кишвари худ бозгарданд ва маҷбур ба мондан дар Тоҷикистон шуданд.

Ӯ афзуд: Бисёре аз донишҷӯён вазъияти молии муносибе надоштанд онҳо аз мақомоти Афғонистон дархости пуштибонӣ ва кумак карданд. Сулаймон Суруш- раиси Иттиҳодияи донишҷӯёни Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам гуфт: Кумакҳои молии сафорат ба ҳамаи донишҷӯён ва хатмкунандагони афғонистонӣ пардохт шуд.