Содироти 1623 тонна коло аз минтақаи Хатлон
(last modified Tue, 30 Jun 2020 09:09:19 GMT )
Июн 30, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Содироти 1623 тонна коло аз минтақаи Хатлон

Аз оғози имсол то кунун, 1623 тонна коло аз тариқи ҳамлу нақли релӣ аз минтақаи Хатлон содир шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Вазорати зироати Тоҷикистон, аз ибтидои соли ҷорӣ аз тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон  14 вагон пиёз бо вазни 852 тонна аз кишвар содир шуд.

Илова бар, ин як вагон сабзӣ бо вазни 49 тонна ва ҳамчунин 8 вагон цемент бо вазни 544 тонна содир шуд.

Бино бар эъломи Вазорати зироати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир се вагон пиёзи маҳалии бо вазни 180 тонна барои ҳамлу нақл ба хориҷ аз кишвар омода мешавад.

 Дилшод Шафеъзода раиси идораи роҳи оҳани минтақаи Хатлон гуфт: Трофики ҳамлу нақли бор аз тариқи роҳи оҳани минтақа имсол мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфт.

Шафеъзода гуфт: "60 дар сад тахфифи авориз барои  триллерҳои ҳомили семент ва маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тасҳилоти гумруки минтақа аст."

Раиси идораи Роҳи оҳани  минтақаи Хатлон афзуд: илова бар ин тахфифи 40 дар садӣ барои молҳои воридотӣ ба минтақа низ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: Барои ҳамлу нақли коло  аз тариқи Узбакистон ҳам, тахфифи 35 то 40 дар садӣ эъмол мешавад.