Июл 01, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Марги ду бародари тоҷик бар асари садама дар Русия

Ду бародари тоҷикистонӣ ба номҳои Тоҷиддин ва Маъруфҷон Муродов дар Русия бар асари садама ҷон бохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хабари ногуворро субҳи имрӯз чаҳоршанбе Шаҳло Наҷмиддинова, рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи шахсии худ дар Фейсбук расонаӣ кардааст.

Ҳодисаи маргбори ронандагӣ, ки муҷиби марги ин ду бародари тоҷик шуд дар шаҳри Фрязино дар наздикии Маскав, пойтахти Русия рух додааст.

Гуфта мешавад Маъруфҷон 25 сол ва Тоҷиддин 30 сол доштанд.

Аз Маъруфҷон як писари се сола ва аз Тоҷиддин як писари шаш сола ва духтари яку ним сола ятим монданд.

Ҳамасола то ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои мухталиф аз ҷумла садамаи ронандагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд.