Назорати беҳдоштӣ дар бозорҳои Тоҷикистон
(last modified Mon, 06 Jul 2020 14:01:19 GMT )
Июл 06, 2020 19:01 Asia/Dushanbe
  • Назорати беҳдоштӣ дар бозорҳои Тоҷикистон

Масъулони рафту омад муштариёни дар бозорҳои Тоҷикистонро мутобиқ бо шеваномаҳои беҳдоштӣ назорат мекунанд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, маъмурони амниятӣ қабл аз вуруди ҳар фард ба бозор дараҷаи ҳарорати баданро андозагирӣ мекунанд ва доштани ниқоб ҳам барои рафтан ба дохили бозор иҷборӣ аст ва фақат кӯдакон метавонанд бидуни ниқоб вориди бозор шаванд. Илова бар ин маҳлули зиддиуфунӣ низ дар бахшҳои мухталифи бозор дар ихтиёри муштариён қарор дода шудааст.

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе фурушандагон низ аз ниқоб истифода мекунанд ва қисматҳои мухталифи бозор ҳам дар шабонарӯз чандин маротиба зиддиуфунӣ мешавад.