Саҳми 18 дарсадии орд, гандум ва фаровардаҳои нафтӣ дар воридоти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55254-Саҳми_18_дарсадии_орд_гандум_ва_фаровардаҳои_нафтӣ_дар_воридоти_Тоҷикистон
 Ҳудуди 18 дарсад аз воридоти Тоҷикистон фаровардаҳои нафтӣ, орд ва гандум аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 08, 2020 20:50 Asia/Dushanbe
  • Саҳми 18 дарсадии орд, гандум ва фаровардаҳои нафтӣ дар воридоти Тоҷикистон

 Ҳудуди 18 дарсад аз воридоти Тоҷикистон фаровардаҳои нафтӣ, орд ва гандум аст.

Ба гузориши “Авесто”, арзиши ин маҳсулот аз январ то майи имсол 228 миллион доллар будааст.

Дар ин муддат Тоҷикистон 229 ҳазор тон фаровардаҳои нафтӣ ба арзиши 121 миллион доллар ворид кард, ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл 11 дарсад рушд доштааст.

Бар асоси эъломи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин кишвар дар 5 моҳи имсол 406 ҳазор тон гандум ба арзиши 98 миллион доллар ҳам ворид кардааст, ки 8 дарсад камтар аз 5 моҳи соли 2019 аст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълом кард, воридоти орд дар ин муддат 36 ҳазор тон, ба арзиши 9 миллион доллар будааст.

Имсол воридоти орд 75 дарсад нисбат ба 5 моҳаи аввали соли 2019 афзоиш ёфтааст.