Июл 08, 2020 21:20 Asia/Dushanbe
  • Бозии дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Узбакистон

Футболистҳои Тоҷикистон ва Узбакистон бозии дӯстона баргузор мекунанд.

Ба гузориши вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, федератсияҳои ду кишвар тавофуқ карданд, ки як мусобиқаи дӯстона баргузор кунанд.

Ин бозӣ 4 сентябр дар Тошканд баргузор хоҳад шуд.

Қарор буд дидори дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Узбакистон 31 март баргузор шавад, аммо ба далели густариши бемории корона ин бозӣ лағв шуд.

Тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Узбакистон то кунун ҳашт мартаба бо якдигар бозӣ карданд.