Июл 08, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди маводи ғизоӣ ва саноати сабук дар Тоҷикистон

Мизони тавлиди саноат ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон 16 дарсади афзоиш ёфт.

Ба гузориши манобеи Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, арзиши маҳсулоти ширкатҳои санъатии Тоҷикистон дар панҷ моҳи имсол 6 миллиард сомонӣ (583 миллион доллар) будааст.

Мизони тавлид дар ин муддат 16 дарсад дар муқоиса бо соли гузашта афзоиш доштааст.

Вазорати саноати Тоҷикистон эълом кард, ин рушд ба далели афзоиши тавлиди маводи ғизоӣ 11.6 дарсад, фаровардаҳои нафтӣ 31.7 дарсад ва маҳсулоти нассоҷиву пӯшок 33.1 дарсад будааст.

Аммо дар ин муддат тавлиди лостик ва маҳсулоти пластикӣ 7.8 дарсад коҳиш ёфтааст.