Баргузории мусобиқаи минтақаии беҳтаринҳо дар Суғд
(last modified Wed, 08 Jul 2020 16:31:20 GMT )
Июл 08, 2020 21:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи минтақаии беҳтаринҳо дар Суғд

Мусобиқаи минтақаии беҳтаринҳо дар минтақаи Суғд баргузор мешавад.

Ба гузориши устондори Суғд, дар ин мусобиқаи минтақаӣ “беҳтарин хонавода, беҳтарин хиёбон, беҳтарин русто ва беҳтарин минтақа” дар Суғд интихоб хоҳад шуд.

Ин ҷашнвора ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва кумак ба тавсеаи гардишгарӣ дар кишвар баргузор мешавад.

Тарвиҷи суннатҳои миллӣ, зебосозии маконҳо ва маҳаллот, ҷазби бештари сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, истифода аз идеяҳо ва назароти халлоқонаи сокинон ва эҷоди шуғлҳои ҷадид, аз ҷумлаи аҳдофи баргузории ин рӯйдод эълом шудааст.

Ба барандагони ин мусобиқа лавҳи сипос ва 6 ҳазор сомонӣ ҷоизаи нақдӣ эҳдо мешавад.