Барканорӣ ва интисобҳои ҷадиди кишварӣ ва лашкарӣ дар Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои чанд фармон, теъдоде аз мақомоти нерӯи марзбонии вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишварро барканор ва мансуб кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввал ва раёсати донишкадаи нерӯи марзбонӣ барканор ва ҷо ба ҷо шудаанд.
Ҳикматуллоҳ Пиракзода, ки дар симати муовини аввал ва масъули ситоди фармондеҳии нерӯи марзбонии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба раёсати донишкадаи ин нерӯҳо мансуб шуд.
Насимҷон Раҷабзода акнун дар симати муовини аввал ва масъули ситоди фармондеҳии нерӯи марзбонии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.
Ҳамчунин Бадриддин Мирзозода, ки дар симати раёсати донишкадаи нерӯи марзбонии Тоҷикистон фаъолият мекард, аз ин мақом барканор шудааст.
Бар асоси фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Ожонси давлатии омор, мудири маркази фанновариҳои иттилоотӣ ва масъули қароргоҳи Искандаркӯл, ки вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии ин кишвар мебошанд, мансуб шуданд.