Тавлиди 600 тонна асал аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон
Июл 11, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
Аз оғози имсол то кунун 600 тонна асал дар Тоҷикистон тавлид шуд.
Музаффар Ҳалимов, мудири ширкати давлатии "Асали Тоҷик" гуфт: Ин мизони тавлид нисбат ба январ то июни соли гузашта 45 тонна бештар аст.
Вай гуфт: Афзоиши тавлиди асал, ба унвони бахше аз иҷрои барномаи тавсиаи саноат дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, 232 000 кандуи парвариши занбӯри асал дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Вай ҳамчунин гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бештари манотиқи Тоҷикистон кӯҳистонӣ ва дорои гулу гиёҳони мутанаввеъ аст, метавон теъдоди кандуҳои занбӯри асалро афзоиш дод.