Июл 11, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди 600 тонна асал аз оғози имсол то кунун дар Тоҷикистон

Аз оғози имсол то кунун 600 тонна асал дар Тоҷикистон тавлид шуд.

Музаффар Ҳалимов, мудири ширкати давлатии "Асали Тоҷик" гуфт: Ин мизони тавлид нисбат ба январ то июни соли гузашта 45 тонна бештар аст.

Вай гуфт: Афзоиши тавлиди асал, ба унвони бахше аз иҷрои барномаи тавсиаи саноат дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, 232 000 кандуи парвариши занбӯри асал дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Вай ҳамчунин гуфт: Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки бештари манотиқи Тоҷикистон кӯҳистонӣ ва дорои гулу гиёҳони мутанаввеъ аст, метавон теъдоди кандуҳои занбӯри асалро афзоиш дод.