Ҳабси абад барои мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон
Июл 11, 2020 07:27 Asia/Dushanbe
Ҷавони мутаҷовиз ба духтари сесола дар Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Ба нақл аз Авеста, додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуф Раҷабалиевичро ба иллати таҷовуз ба духтари сесола ба ҳабси абад маҳкум кард.
Маркази матбуотии додгустарии шаҳри Душанбе эълом кард, додгоҳи ин шаҳр ҷурми муттаҳамро мутобиқ бо моддаи 138 (таҷовуз ба хурдсол), 139 (тавоҷузи ҷинсӣ) ва 127 (раҳо кардани фард дар хатар)-и қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.