Июл 11, 2020 14:32 Asia/Dushanbe
  • Поёни эҳдоси бузургроҳи сесатҳӣ дар шаҳри Душанбе

Сохти бузургроҳи сетабақаи шаҳри Душанбе поён ёфт.

Ба нақл аз Авеста, ин бузургроҳ бо кӯмаки молии Бонки тавсиа ва бозсозии Аврупо дар тақотуи хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Абӯалии Сино эҳдос шуд.

Барои эҳдоси ин бузургроҳи сесатҳӣ, ки дар сохти он аз модернтарин шеваномаҳои байналмиалаии ронандагӣ ва траффикӣ истифода шуда, 62 миллиону 500 ҳазор доллар ҳазина шудааст.

Марҳилаи аввали ин тарҳ 5 сентябри 2018 бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ифтитоҳ шуд.