Июл 13, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳи август

Мудири Ожонси иттилоърасонии Русия мавсум ба Инфомост муътақид аст, ки азсаргирии парвозҳо миёни ин кишвар бо Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд дар моҳи август имконпазир хоҳад шуд.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи нашрияи русии Коммерсант, Борис Рибак бо ишора ба эъломи азсаргирии парвозҳо миёни Русия ва 13 кишвар, ки номи Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест, гуфтааст, ки музокира дар ин замина миёни Маскав ва Душанбе идома дорад.

Вай таъкид кардааст, ки акнун теъдоди зиёде аз ширкатҳои Русия дар бахши саноати тавлидӣ ва сохтмонсозӣ барои ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик дархост додаанд ва бо фурукаш кардани буҳрони густариши вируси корона дар Русия ва Тоҷикистон, заминаи барқарории дубораи парвозҳо миёни ин ду кишвар дар моҳи август фароҳам мешавад.

Қаблан Татияна Голикова- муовини нахуствазири Русия аз барқарории дубораи парвозҳои хориҷии ин кишвар бо 13 кишвар аз рӯзи 15 июл хабар дод, аммо номи Тоҷикистон дар ин рӯйхат мушоҳида намешавад.

 

Барчасп