Идомаи фаолияти коргоҳи ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар
(last modified Mon, 13 Jul 2020 15:23:40 GMT )
Июл 13, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Идомаи фаолияти коргоҳи ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар

Бо таваҷҷӯҳ ба шароити иҷтисодии душвор дар Тоҷикистон як коргоҳи ҷӯроббофӣ дар шаҳри Бохтар ҳамчунон фаол аст.

Тибқи иттилои радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, бар асари сар задани вируси корона, бисёр коргоҳҳо дар Тоҷикистон баста шудаанд, аммо як корхона дар шаҳри Бахтар ҳоло ҳам ҷӯроб истеҳсол мекунад.

Директори корхона Сомонбек гуфт: Ҳар сол дар ин воҳиди истеҳсолӣ 1 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карда мешавад.

Вай афзуд: вай ният дорад, ки баъзе аз ин маҳсулотро ба хориҷи кишвар содир кунад, нархи ҷӯробҳои дар ин коргоҳ истеҳсолшуда аз 3 то 6 сомонӣ аст.

Сомонбек бюрократияи мураккаби маъмурӣ, фоизи баланди кредитҳо  ва набудани дастгирии  истеҳсолкунандагон аз ҷумлаи мушкилоти коргоҳҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон тавсиф кард.