Пардохти 60 дарсад аз эътибори бозсозии неругоҳи барқи обии Сарбанди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55427-Пардохти_60_дарсад_аз_эътибори_бозсозии_неругоҳи_барқи_обии_Сарбанди_Тоҷикистон
60 дарсад аз маблағи ихтисосёфта барои бозсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд пардохт шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Пардохти 60 дарсад аз эътибори бозсозии неругоҳи барқи обии Сарбанди Тоҷикистон

60 дарсад аз маблағи ихтисосёфта барои бозсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд пардохт шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Бонки Осиёии Рушд барои ин манзур маблағи 136 миллион доллар кумаки молӣ ба Тоҷикистон ихтисос додааст.

Таҷҳизоти гидролики неругоҳ соли 1963 баҳрабардорӣ шуд ва ҳамакнун ниёз ба таъмироти асосӣ дорад.

Неругоҳи барқи обии Сарбанди минтақаи Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон дар канори рӯдхонаи Вахш қарор дорад.

Бозсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд аз ноябри соли 2016 оғоз шуд, дар ҳоли ҳозир воридоти таҷҳизоти лозим барои навсозии неругоҳи барқи обӣ идома дорад.