Июл 14, 2020 20:48 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Ӯзбекистон дар сохти ду неругоҳ дар Зарафшон тайид шуд

Муовини вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, ки Ӯзбекистон мушорикати хешро дар сохти ду неругоҳи барқӣ-обӣ дар водии Зарафшон таййид кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, Ҷамшед Шоимзода ин матлабро имрӯз дар нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе эълом кард ва гуфт: акнун тарафҳо дар ҳоли мушаххас кардани ширкати ӯзбекистонии харидори барқу обҳои он ҳастанд. 

Вай таъкид кардааст, ки ду неругоҳи барқӣ-обӣ мавсум ба Ёвон ва Фондарё дар қаламрави ноҳия Айнӣ рӯи рудхонаи Зарафшон бо мушорикати молӣ ва фаннии Тошкент сохта хоҳад шуд, ки то як миллиарду 400 миллион киловат соат барқ танҳо барои таъмини ниёзҳои Ӯзбекистон тавлид мекунад.

Мезони сармояи мавриди ниёз барои сохти ин ду неругоҳ 552 миллион доллар бароварда шуда, ки ҳукумати Ӯзбекистон онро таъмин хоҳад кард.

Созишномаи сохти ин ду неругоҳ дар шимоли Тоҷикистон дар дидори Имомали Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев  ҳамтои ӯзбекистонии вай дар 17 августи соли 2018 дар Тошкент имзо шуда буд. 

Барчасп