Идомаи сохти хатти CASA-1000 бо вуҷуди ҳамагирии корона
Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон эълом кард, ки вируси корона дар сохти хатти CASA-1000 бетасир будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ҷамшед Шоимзода гуфтааст, сохти тарҳи интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба CASA-1000 ба эҳтимоли бисёр охирҳои соли 2021 ба поён хоҳад расид.
Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир 30 дарсад аз таҷҳизоти мавриди ниёз барои сохти хатти CASA-1000 дар қаламрави Тоҷикистон ба ин кишвар ворид шуда, ки нишон медиҳад КОВИД-19 дар сохти ин тарҳи муҳими энержии минтақаӣ ҳеҷ таъсире надоштааст.
Хатти CASA-1000 заминаи интиқоли барқи изофии тавлидшуда дар неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар фасли гармо ба Афғонистон ва Покистон фароҳам хоҳад кард.
Ба таври ҳамзамон сохти бахшҳои афғонистонӣ ва покистонии ин хат низ идома дорад.
Ҳазинаи сохти ин тарҳ, ки бояд дар соли 2020 ба баҳрабардорӣ мерасид беш аз як миллиард доллар баровард шудааст.
Саҳми Тоҷикистон дар сохти ин тарҳ 314 миллион доллар, Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион доллар аст.