Эҳдои пасандози сафари ҳаҷ аз сӯи пизишки тоҷикистонӣ барои мубориза бо корона
(last modified Wed, 15 Jul 2020 14:29:19 GMT )
Июл 15, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои пасандози сафари ҳаҷ аз сӯи пизишки тоҷикистонӣ барои мубориза бо корона

Пизишки тоҷикистонӣ пасандози сафари ҳаҷҷи худро барои мубориза бо корона эҳдо кард.

Як пизишки мусулмони 60 солаи аҳли ҷануби Тоҷикистон тасмим гирифт, пасандозеро, ки солҳо барои рафтан ба ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буд, сарфи мубориза бо вируси корона кунад.

Ширин Назирмадова, як пизишки аҳли ҷануби Тоҷикистон, ки солҳо барои рафтан ба ҳаҷ пул пасандоз карда буд, пас аз шунидани лағв шудани маросими ҳаҷ барои зоирони байналмилалӣ дар соли ҷорӣ тавассути Арабистони Саудӣ, тасмим гирифт пасандози худро барои мубориза бо вируси корона эҳдо кунад.

Ин пизишки тоҷик бо маоши моҳонаи 150 доллар, солҳо заҳмат кашида буд то 3 ҳазору 700 доллар ҳазинаи сафари ҳаҷро пасандоз кунад.

Пизишки 60 солаи мусулмон, ки эълом кард, ба ҷойи ин ки як соли дигар дар интизори ҳаҷ бимонад, пули пасандозро ба бемористони маҳаллии минтақаи Фархор эҳдо кунад то битавонанд васоили мавриди ниёз барои мубориза бо шуюъи коронаро харидорӣ кунанд.

Ин бемористони рустоӣ барои хариди таҷҳизоти муҳофизи шахсӣ ва моск барои кормандон ва ҳамчунин доруҳои зиддиуфуникунанда аз ин пул истифода кардааст. Бар асоси як системаи саҳмиябандӣ, тоҷикҳо панҷ то шаш сол сабр мекунанд то навбати ҳаҷҷи онҳо фаро бирасад.

Дар ин миён ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи умури дини Тоҷикистон, касоне, ки саҳмияи ҳаҷро дар соли 2020 доштаанд, дар сурати тамоюл шонси инро доранд, ки соли оянда ба зиёрати хонаи Худо бираванд, аммо кумитаи тазмин накард, ки қимати сафари ҳаҷ дар соли 2021 ба қимати соли гузашта боқӣ бимонад.

Муқим гуфт, қимати сафари ҳаҷ дар 7-8 соли гузашта яксон будааст, аммо аз он ҷое, ки пули миллии Тоҷикистон арзиши худро дар солҳои ахир дар баробари доллар аз даст додааст, ҳазинаи сафари ҳаҷ низ ба нисбати арз афзоиш ёфтааст.