Боздиди намояндагони давлати Тоҷикистон аз тарҳҳои умронии дар ҳоли сохти шаҳри Хоруғ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55478-Боздиди_намояндагони_давлати_Тоҷикистон_аз_тарҳҳои_умронии_дар_ҳоли_сохти_шаҳри_Хоруғ
Намояндагони давлати Тоҷикистон аз тарҳҳои умронии дар ҳоли сохти шаҳри Хоруғ боздид карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 15, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Боздиди намояндагони давлати Тоҷикистон аз тарҳҳои умронии дар ҳоли сохти шаҳри Хоруғ

Намояндагони давлати Тоҷикистон аз тарҳҳои умронии дар ҳоли сохти шаҳри Хоруғ боздид карданд.

Абдуҷҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ,Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қодирзода Саъдӣ, муовини раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дар боздиди корӣ аз устони Бадахшон, аз наздик аз мароҳил ва чигунагии сохтусози тарҳҳои умронӣ дар маркази устон ошно шуданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти устондори Бадахшони Тоҷикистон, ин гурӯҳи корӣ бо ҳадафи назорати сифати тарҳҳои мавриди назар, ки қарор аст ба муносибати солгарди истиқлоли Тоҷикистон баҳрабардорӣ шавад, ба ин минтақа сафар карданд.

Ин тарҳҳо бо ҳимояти яке аз сокинони маҳаллӣ сохта хоҳад шуд.