Маҳкумияти зиндон барои муҳоҷимон ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон
Июл 15, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
Ҳафт нафар аз афроде, ки ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон ҳамла карданд, аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шуданд.
Икром Зоирзода, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, ҳамаи муҳоҷимон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.
Дар ибтидои имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, дар ин парванда 9 нафар ба таври махфӣ муҳокима мешаванд.
Ҳамла ба посгоҳи марзӣ соати 3: 23 дақиқаи 6 обонмоҳ рух дод. Бар асоси гузоришҳои расмӣ ,дар ин ҳамла як афсари полис ,5 марзбони тоҷик ва 15 нафар аз террористҳо кушта шуданд.
ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифт.