Маҳкумияти зиндон барои муҳоҷимон ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55481-Маҳкумияти_зиндон_барои_муҳоҷимон_ба_посгоҳи_марзии_Ишқободи_Тоҷикистон
Ҳафт нафар аз афроде, ки ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон ҳамла карданд, аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2020 17:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои муҳоҷимон ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон

Ҳафт нафар аз афроде, ки ба посгоҳи марзии Ишқободи Тоҷикистон ҳамла карданд, аз 2 то 27 соли зиндон маҳкум шуданд.

Икром Зоирзода, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, ҳамаи муҳоҷимон шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд.

Дар ибтидои имсол Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, дар ин парванда 9 нафар ба таври махфӣ муҳокима мешаванд.

Ҳамла ба посгоҳи марзӣ соати 3: 23 дақиқаи 6 обонмоҳ рух дод. Бар асоси гузоришҳои расмӣ ,дар ин ҳамла як афсари полис ,5 марзбони тоҷик ва 15 нафар аз террористҳо кушта шуданд.

ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифт.