Июл 16, 2020 09:16 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти убури комюнҳои тоҷик аз марзи Туркманистон

Марзҳои Туркманистон ба рӯйи комюнҳои Тоҷикистон ҳамчунон бастааст.

 

Вазири ҳамл ва нақли Тоҷикистон эълом кард, комюнҳои Тоҷикистон иҷозаи убур аз марзи Тоҷикистонро надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикиСадои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Худоёр Худоёрзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: то ба ҳол мақомоти Туркманистон илати ин иқдомро тавзеҳ надоданд.

Туркманистон соли 2018 тарадуди кмюнҳои Тоҷикистон дар дохили кишварро мамнуъ кард ва дар соли 2019 низ ин раванд идома дошт.

Акнун ронандагони тоҷик маҷбур ҳастанд аз масирҳои Эрон, ҷумҳурии Озарбоҷон, Қазоқистон ва Узбакисон истифода кунанд ин масир ба иллати тулонӣ будан ҳазинаҳои зиёдеро ба ронандагон таҳмил мекунад.

Аммо ин кишварҳо барои убури байналмиллалии "Транзитии" комюнҳои Тоҷикистон тасҳилот ва имтиёзоте ба онҳо эъто мекунанд.

Бо вуҷуди дархостҳои мукарари Вазорати умури Хориҷаи Тоҷикистон аз ҳукумати Туркманистон барои додани муҷавизи тарадуди ронандагони тоҷик аз қаламравӣ ин  кишвар мақомоти  Ашкобод ҳануз ба ин дархостҳо посух

надоданд.