Июл 16, 2020 17:27 Asia/Dushanbe
  • Сохти варзишгоҳи 30 000-нафарӣ дар шаҳри Душанбе

Варзишгоҳи 30 000-нафарии шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт аст.

Ба нақл аз Спутник, қарор аст ин варзишгоҳ ба муносибати фаро расидани 30-юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.

Ин варзишгоҳ дар замине ба масоҳати 9 гектар дар ҳоли сохт аст ва 4 ширкати сохтмонӣ, 300 коргар ва муҳандис дар сохти он мушорикат доранд.

Дар ин варзишгоҳ утоқҳои ихтисосӣ барои варзишкорон ва доварон, бахше барои меҳмонони вижа, ҳаммом ва маркази вижаи имдодӣ ҳам дар назар гирифта шудааст.

 

Барчасп