Июл 20, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳсили 570 донишҷӯи хориҷӣ дар Тоҷикистон

570 донишҷӯ аз 13 кишвар дар донишгоҳи славянии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , ба нақл аз Спутник, Тоҳир Хоҷазода-раиси ин донишгоҳ гуфт: 276 донишҷӯи ӯзбакистонӣ ,129 доншҷӯи  рус, 102 доншҷӯи туркманистонӣ ва 49 донишҷӯ аз кишвари  Чин дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд. 
 
 Ӯ гуфт: Илова бар ин дар ин донишгоҳ се донишҷӯ аз кишварҳои Озарбойҷон ,Афғонистон, Қазоқистон, ду доншҷӯи қирғизистонӣ ва Кореяи ҷанубӣ ва донишҷуёние аз Муғулистон ,Полша , Америка ва Украина машғули таҳсил ҳастанд. 
 Тоҳир Хоҷазода хотирнишон кард:Бо иҷрои барномаи тавсеа дар ин донишгоҳ ҷойгоҳи ин маркази омӯзиши олӣ аз рутбаи 13 ба рутбаи 2 афзоиш ёфт.